РАВОБИТИ ПАРЛУМОНӢ НЕРӮИ ТОЗА МЕГИРАД
Душанбе, 7 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаҳои рушди ҳуқуқи инсон ва таъмини волоияти қонун дар Тоҷикистон зимни мулоқоти Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Мамадшо Илолов бо узви Палатаи Лордҳои Британияи Кабир, аъзои Гурӯҳи Британиявии Иттиҳоди Байнипарлумонӣ баронесса Вивен Стерн дар Душанбе баррасӣ гардид. Назар ба иттилои ёвари Раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов мусоҳибон дастовардҳои ҷомеаи Тоҷикистони навинро дар самти волоияти қонун умедбахш маънидод карданд. Баронесса Вивен Стерн, боздиди мазкурро самараи нахустин сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Британияи Кабир арзёбӣ намуда, гуфт, ки парламентарҳои кишвараш ҷиҳати тавсеаи робитаҳо бо Тоҷикистон баҳри ҳамкории мутақобилан судманд тадбирҳои воқеиро амалӣ менамоянд. Вобаста ба ин 30 ноябри соли 2010 дар Палатаи Лордҳои Британияи Кабир зимни муколамаи парлумонӣ масоили марбут ба муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мавриди таваҷҷӯҳ ва боэътимод матраҳ карда шуд ва бешубҳа соли 2010- ро метавон соли таҳкимбахшии робитаҳои байнипарлумонӣ унвон кард. Мамадшо Илолов шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба Раисони палатаҳои Лордҳо ва Обшини парлумони Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ баён дошта, аз омодагиҳо дар бахши ҳамкорӣ дар доираи масоили фарогири Меморандуми амалкунанда миёни гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии ҷонибҳо таъкид намуд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






