ШАКЛИ НАВИ МУБОРИЗА БО ФАСОД

Декабрь 17, 2010 09:39

   Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба мълумоти Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсия, ин ниҳод дар давоми 4 соли фаъолияти худ беш аз 3 ҳазор ҷинояти коррупсиониро   ошкор намудааст, ки 470 — тои он ба порагирӣ алоқаманд аст.    Агентӣ дар давоми 4 сол      тавассути ҳамаи шӯъбаҳои дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ доштаи худ  дар   корхонаю идора ва хоҷагиҳо  3750 санҷиш гузаронида, хисороти ба давлат расидаро ба андозаи 375 млн. сомонӣ ошкор намудааст.    Ба гуфти муовини директори Агентӣ Абдулраҳим Абдулҳасанов, Ҳукумати ҷумҳурӣ мақсад дорад Шӯрои ҷамъиятии мубориза бо коррупсияро таъсис диҳад.    Тибқи оинномаи он, ба  ҳайати Шӯрои ҷамъиятии мубориза бо коррупсия  олимон, рӯзноманигорон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ғайридавлатӣ ва дигар  сохторҳои давлатӣ шомил   мегарданд.       

Декабрь 17, 2010 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид