ТАҲДИДИ ТЕРРОРИСТОН ОМӮХТА МЕШАВАД

Декабрь 16, 2010 16:00

Душанбе,  16 декабр. (АМИТ «Ховар»)   — 15 нафар корманди Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз курси омӯзишии дуҳафтаинаи идоракунии амалиёти махсус гузаштанд.             Афсарони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон банақшагирии тактикӣ ва иҷрои амалиёти махсусро омӯхтанд, ки он натиҷаи бобарор, амнияти шахс ва нафарони дигареро, ки дар чорабинӣ иштирок доранд, озодии баён ва ҳуқуқи шаҳрвандони осоиштаро кафолат дода, ҳамзамон хавфу хатари аз ҷониби одамон, гурӯҳ ва ё террористон таҳдид менамударо паст менамояд.               Курси идоракунии амалиёти махсус аз рӯи ҳисоб шашум маҳсуб ёфта, он баҳри расонидани кӯмак дар мубориза бар зидди терроризм соли 2010 бо дастгирии молиявии Бюрои амнияти минтақавии сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст. Аз соли 2002 зиёда аз 400 шахси баландмартабаю масъули давлатӣ дар барномаҳои омодагӣ иштирок намуданд, ки онро созмони ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ба маблағи 6 миллион доллар маблағгузорӣ намудааст. Барномаҳои тайёрӣ дар ИМА ва Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  аз намояндагии дипломатии ИМА дар Душанбе иттилоъ доданд.  

Декабрь 16, 2010 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид