ТАБИБОНИ ЧИНӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ТИББӢ
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Аз 12 то 16 декабр ҳайати Донишгоҳи тиббии Синтсзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади шинос шудан бо фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба Душанбе омаданд. Дар доираи сафар онҳо бо ректор, ноибон, мудирони кафедраҳои ДДТТ ва вазири тандурустии ҶТ мулоқот намуда, ҳамчунин аз беморхонаҳои клиникии шаҳрӣ, ёрии таъҷилӣ, маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, Донишкадаи баъдидипломии тайёр намудани кадрҳои тиббии Тоҷикистон дидан намуданд. «Миёни Донишгоҳи тиббии Синтсзян ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи тадқиқоти илмӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандон, гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва табодули донишҷӯён, ҳамчунин табодули таҷрибаи корӣ ва тайёр намудани кадрҳои педагогӣ-илмӣ миёни донишгоҳҳо шартнома ба тасвиб расид», зикр намуд сардори шӯъбаи таҳлил, тафтиш ва робита бо ҷамъияти ДДТТ Шодмон Аҳмадов. Ғайр аз ин барои меҳмонони чинӣ барномаи калони фарҳангӣ ташкил шуд. Онҳо осорхонаи бостоншиносии ҷумҳуриявӣ, қалъаи Ҳисор ва шаҳри Душанберо тамошо намуданд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






