ВАРЗИШ ОММАВӢ МЕГАРДАД

Декабрь 16, 2010 10:31

  Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби  гӯштини дзюдо, тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои мунтазами варзишӣ дар асоси нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2010  санаи   25-26-уми  декабри  соли равон  дар     шаҳри   Ваҳдат мусобиқаи     ҷумҳуриявиро  оид ба  дзюдо   байни   наврасони солҳои таваллуди 1994, 1995 ва 1996    доир менамояд.       Дар мусобиқа ширкати ҳайати дастаҳои  вилояти Суғд (1 ҳайат), Хатлон (1 ҳайат ),   шаҳри Душанбе (4 ҳайат ),   НТМ (2 ҳайат) , водии Рашт (1даста) дар назар аст.      Ғолибон ва ҷоизадороне, ки дар вазнҳои алоҳида сазовори ҷойҳои    намоён мегарданд бо диплом ва медалҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      қадрдонӣ мешаванд. Ёдовар мешавем, ки бо мақсади рушди соҳаи варзиш, оммавияти он, тарғиби  варзиши касбӣ ва дастгириву ҳавасмандгардонии варзишгарон  бо ибтикори  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20 декабри соли равон дар Кохи Ваҳдат  мулоқоти Сарвари давлат бо намояндагони олами варзиш ва масъулини мақомоту идораҳои дахлдор сурат мегирад.      

Декабрь 16, 2010 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд