1 МЛН. 40 ҲАЗОР СОМОНӢ БАРОИ ТАРМИМИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – «Дар соли 2011 аз буҷаи давлатӣ 1 миллиону 40 ҳазор сомонӣ барои тармими ёдгориҳои таърихӣ ба Вазорати фарҳанг ҷудо шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 100 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад»,- иброз дошт дар нишасти матбуотӣ 19 январи соли ҷорӣ муовини аввали вазири фарҳанги мамлакат Миралӣ Достиев. Вай зикр намуд, ки имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ду ҳазору 20 ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки ҳамасола мутахасисон аз аҳволи онҳо хабар мегиранд ва ба мақомоти маҳаллӣ дар тармими онҳо маслиҳат медиҳанд. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иншооти сохтмони асосӣ танҳо маблағи 450 ҳазор пешбинӣ шудааст. Аз маблағи зикргардида 420 ҳазор сомонӣ барои сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод ва 30 ҳазор сомонӣ барои корҳои лоиҳакашии иншооти дар солҳои наздик аз ҷониби вазорати фарҳанг сохташаванда пешбинӣ шудааст.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






