ҚАЙДИ 86 ФОИЗИ ҶИНОЯТ АЗ ҶОНИБИ ВКД

Январь 20, 2011 09:23

    Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар соли 2010 14 ҳазору 542 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, аз ин миқдор 12 ҳазору 562 ҷиноят аз тарафи кормандони ВКД қайд гардидааст, ки 86 фоизи шумораи умумии ҷиноятҳоро дар бар мегирад. Аз ҷониби дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар моҳҳои январ – декабри соли ҷорӣ 1 ҳазору 980 ҷиноят ё 14 фоизи ҷиноятҳои дигар қайд шудаанд.   Ҳамаи маълумот оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар соли 2010 – ум аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Прокуратураи ҳарбӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба Агентии омори назди Президенти ҶТ пешнҳод шудаанд.     Боиси тазаккур аст, ки бо сабаби дар соли 2009 мавҷуд набудани хазинаи ягонаи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таҳлили муқоисавӣ аз ҷамъбасти соли 2010 аз рўи ҷиноятҳои ба қайд гирифтаи ВКД анҷом дода шудааст.   

Январь 20, 2011 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст