ҲАМОИШИ НАМОЯНДАГОНИ КБСС ВА ҶҲА

Январь 18, 2011 16:17

   Душанбе, 18 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Моҳи марти соли равон дар Душанбе мулоқоти сарони Кумитаҳои байналмилалии Салиби Сурхи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва котибони генералии ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад». Дар ин хусус Ив Арнолдӣ сарвари намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар мулоқоташ бо Амиршо Миралиев муовини аввали Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон иттилоъ дод.   Мавсуф афзуд, ки баргузории ин мулоқот ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавии Кумитаҳои байналмилалии Салиби Сурх ва ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари кишварҳои Осиёи Марказӣ такони ҷиддӣ хоҳад дод.  Бояд зикр кард, ки ин ниҳод дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон, бахусус дар Рашту Бадахшон барномаҳои худро амалӣ карда, корҳои муҳимро ба анҷом расонидааст. Ба андешаи Ив Арнолдӣ Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказй барои мо як кишвари хеле бонуфуз маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, мо барномаҳоямонро бо таваҷҷӯҳ ба эҳтиёҷоти ин кишвар таҳия менамоем ва ин барномаҳо доимо аз сӯи Ҳукумати Тоҷикистон дастгирӣ меёбанд.

Январь 18, 2011 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид