ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИ ДАР МАРКАЗИ ДИҚҚАТИ ДАВЛАТ
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Яке аз ҳадафҳои асосии давлат дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон, пирони бесаробон ва оилаҳои камбизоат мебошад. Ин нуқтаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2010 ва вазифаҳо барои соли 2011 иброз дошт. Сарвари давлат зикр намуд, ки сол ба сол хусусияти иҷтимоии буҷет тақвият ёфта, маблағгузории он меафзояд. Соли ҷорӣ ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии бошандагони хона — интернатҳои маъюбону ятимон ва пиронсолони бесаробонмонда дар буҷети давлатӣ 13 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст, ки ба ҳар як нафар дар як сол 8600 сомонӣ ва дар як моҳ 715 сомонӣ рост меояд. Гуфтанист, ки ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбону ятимон, пиронсолони бесаробон ва оилаҳои камбизоат ҳамеша дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, дар баробари ин ба ташкилоту муассисаҳо, ширкату корхонаҳо, хусусан мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ супориш дода шудааст, ки ба онҳо доим кӯмаки моддӣ расонанд ва дар ҳалли мушкилоташон ҳамеша мусоидат намоянд.








Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд






