ҲУНАРМАНДОНИ «ЛАҲЗАҲОИ ГУВОРО» СОҲИБИ ХОНА ШУДАНД
Душанбе, 31 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Чор нафар аз ҳунармандони шинохтаи барномаи телевизионии «Лаҳзаҳои гуворо» — Холмурод Сиддиқов, Насриддин Нуриддинов , Гулбибӣ Абдулҳаева ва Ҷамшед Ҳалимов соҳиби хонаҳои чорҳуҷрагӣ гардиданд. Калиди хонаҳоро дар ҷаласаи шаҳрдорӣ Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар маросими тантанавӣ ба ҳунармандон супорид. Бояд зикр кард, ки хонаҳо ба ҳунармандон тибқи иҷрои супоришу дастури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардиданд. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, инчунин ба навозандаи ансамбли «Дарё»-и назди Кумитаи телевизион ва радио Гулбаҳор Шокирова калиди хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим гардид.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






