ҶАСАДҲОИ ҚУРБОНИЁН БА ВАТАН ОВАРДА ШУД
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Ҷасадҳои қурбоншудагони амали террористие, ки 24 январи соли 2011 дар фурудгоҳи Домодедово ба вуқӯъ пайваст, ба ватан оварда шуд. Инҳо ҷасадҳои Ҷабборов Собир Муҳаммадҷонович ва Ҳақназаров Мурод Худойназарович мебошанд, ки тариқи хатсайри №628 Маскав-Душанбе аз фурудгоҳи Домодедово ба воситаи ширкати ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр» оварда шуданд. Кормандони ситоди зудамале, ки дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Русия фаъолият менамояд, кӯмаки зарурии худро сари вақт ба зарардидагони ин амали террористӣ расониданд. Харҷи пурраи интиқоли ҷасадҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳда гирифтааст. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Русия ба наздикон ва хешу ақрабои фавтидагон бори дигар изҳори ҳамдардӣ менамояд.








Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






