ҶОЙГИРКУНИИ БАРНОМАҲОИ КОМПЮТЕРӢ ДАР СИСТЕМАИ АНДОЗ
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони ватанӣ (15 январи соли 2010) ва нақшаи чорабиниҳои дахлдор ҷиҳати дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани маъмурикунонии андозбандӣ ва беҳтар намудани муносибатҳои мақомоти андоз бо соҳибкорон бармеояд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, аз январи соли 2011 мавриди амал қарор гирифт. Тавре аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мавриди амал қарор гирифтани тағйиру иловаҳои нав барои то як дараҷа дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани маъмурикунонии андоз, кам кардани шумораи пардохтҳо ва ҳисоботи андоз бе расонидани таъсири манфӣ ба даромадҳои буҷет, ҷорӣ намудани қабули ҳисоботи андоз дар шакли электронӣ, пешгирӣ намудани пинҳонкунии андозҳо аз ҷониби андозсупорандагон, кам кардани хароҷоти андозсупорандагон ҳангоми пешниҳод намудани эъломияҳои андоз мусоидат карда, имтиёзҳои бесамарро кам менамояд. Мавриди зикр аст, ки Кумитаи андоз дар бораи тасдиқи «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати мукаммал ва пурра дар тамоми мақомоти ҳудудии андоз амалӣ намудани барномаҳои компютерии системаи иттилоотии андоз — «Бақайдгирии андозсупорандагон», «Бақайдгирии андозҳо», «Андоз аз арзиши иловашуда ва пайгирии ҳисобнома-фактураҳо» ва «Равзанаи ягона» як қатор корҳои муҳимро ба анҷом расонид.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






