200 ИНШООТИ ҶАШНИИ СУҒД

Январь 14, 2011 11:55

   Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 13 январи соли 2011 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маҷлиси васеи фаъолон доир ба натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии соли 2010 баргузор гардид. Дар маҷлис муовини Сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон, роҳбарони сохторҳои мақомоти дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва фаъолони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят иштирок намуданд.    Дар ҷаласа зикр гардид, ки ҳаҷми махсулоти умумии минтақавии вилоят дар соли 2010 –ум 5 млрд. 716 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 7,1 % зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи даромадҳои умумии буҷети давлатӣ ба андозаи 107, 9 % таъмин гардида, ба он зиёда аз 503 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда ва соли 2009 мутаносибан 73, 4 млн. сомонӣ ва 102, 6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.  Муовини Сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон зимни суханронӣ дар маҷлиси фаъолон изҳор намуд, ки Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз мардуми меҳнаткаши вилояти Суғд умедҳои калон доранд ва барои сазовор шудан ба ин боварӣ дар вилоят заминаҳои мусоид, аз қабили мавқеи хуби ҷуғрофӣ, мутахассисони ботаҷриба, ҷалби технологияи замонавии коркард дар истеҳсолот, захираҳои моддиву маънавӣ мавҷуданд.    Раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзода дар анҷоми маҷлиси фаъолон ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти босамари соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар соли 2011, аз ҷумла доир ба татбиқи дастуру супоришҳои сарвари давлат ҷиҳати бунёди сохтмони 200 иншооти ҷашнӣ, бунёди боғу токзор, истифодаи мақсадноки лоиҳаҳои инвеститсионӣ, вусъати корҳои идеологӣ, танзими расму анъанаҳо, ҳифзи иҷтимоии мардум, бунёди толор ва майдончаҳои варзишӣ, дар маҷмӯъ истиқболи сазовори ҷашни бузурги давлатӣ- 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон назди раисони шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони ташкилоту идораҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Январь 14, 2011 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид