49 АРЗУ ШИКОЯТ УНВОНИИ РАЁСАТИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дар Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 2477 мавод ворид шудааст, ки аз ин шумора 678 мактуб барои баррасӣ мебошад. мӯҳтавои асосии маводҳои воридшударо асосан муроҷиати мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ оид ба гузаронидани озмун, аттестатсия, таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои хизматчиёни давлатӣ, баррасии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ташкил медиҳад, гуфт зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ муовини сардори Раёсати хизмати давлатӣ Қосимов Гурез Ҷӯрақулович. Дар Раёсат 49 арзу шикояти шаҳрвандон ба қайд гирифта шуда, дар мӯҳлатҳои зарурӣ омӯхта ва ба унвони муаллифон ҷавоб фиристода шудааст. Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки Раёсати хизмати давлатӣ ва Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ барои боз ҳам тақвият додани фаъолияти худ анҷом додани вазифаҳо аз қабили дар сатҳи зарурӣ иҷро намудани нақшаи чорабиниҳои Раёсат бахшида ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ, такмили фаъолияти Шабакаи иттилоотии байниидоравии дар Раёсат насбшуда, муайян намудани шумораи хизматчиёни давлатии донандаи забонҳои хориҷӣ ва тақвият додани сатҳи забони давлатӣ, кушодани кафедраи забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сифати таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва идоравӣ, вусъат додани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар татбиқи самараноки сиёсати давлатии кадрҳо ва рушди хизмати давлатӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таҳия ва амалӣ намудани тартиби баҳодиҳии устодон аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти касбиашон ва ғайраҳоро ба нақша гирифтааст








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






