7245 СОМОНӢ ҶАРИМА БАРОИ МАҲСУЛОТИ ҒАЙРИСТАНДАРТӢ

Январь 20, 2011 11:03

    Кӯлоб, 20 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Кормандони раёсати стандартизатсия, сертификатсия, метрология ва нозироти савдои гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб дар давоми як соли сипаригардида дар корхонаву муассиса ва нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 1050 санҷиши давлатӣ гузаронида, камбудиҳои зиёдро ошкор намуда воридкунандагони ин гуна маҳсулотро ба маблағи 7245 сомонӣ ҷарима бастанд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори раёсати мазкур Рустам Неъматов. Ӯ афзуд, ки дар ин давра аз тарафи шӯъбаи назорати стандарт ва сифати маҳсулот 1205 ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ гузаронида шуда, 118 ҳолати маҳсулоти санҷидашуда ғайристандартӣ дониста шуд.    Гуфта мешавад дар ин давра 521 кг маҳсулоти қаннодӣ, 375 кг макарон, 49 литр машрубот, 1311 кг чой, 113 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 1,5 кг шарбати тези помидорӣ, 200 кг орд, 1600 қуттии шартӣ консерваи сабзавотӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум ғайристандартӣ дониста шуда, фурӯши онҳо манъ гардид. 

Январь 20, 2011 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст