А. РАҲМОНОВ: «САФОРАТИ ЭРОН АЙБ НАДОРАД»
Душанбе, 11 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Сабаби аслии ба Эрон нафиристодани беш аз 70 нафар омӯзгорони омӯзонандаи хати форсии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон аз бемасъулиятию хунукназарии сардори бахши равобити байналмилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон сар задааст», гуфт вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон. Яъне, бо сабаби сари вақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори кишвар ва нагирифтани ризоияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ин масъала ба таъхир гузошта шуд. Вазир афзуд, ки дар ин масъала Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ягон айб надорад. Мавриди зикр аст, ки дар асоси Созишнома байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати омӯзиш ва парвариши Ҷумҳурии Исломии Эрон мебоист 3 январ беш аз 70 нафар омӯзгорони бахши форсии кишвар ҷиҳати такмили курси ихтисос ба Донишкадаи такмили ихтисоси Теҳрон фиристода мешуданд. Мутаассифона, бо сабаби сари вақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари омӯзгорон ба таъхир афтод. Вазири маориф ҳамзамон гуфт, ки барои омӯзгорони бахши форсӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони вазорат курси бозомӯзӣ ташкил шудааст. Баъди гирифтани иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорон ба Эрон фиристода мешаванд. Зеро Вазорати маориф ҳуқуқ надорад, ки бидуни иҷозаи Ҳукумати кишвар ин омӯзгоронро ба хориҷи кишвар фиристад, афзуд вазир.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






