АРМУҒОНИ ШАҲРДОРӢ
Душанбе, 5 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 9 майдончаи варзишию фароғатӣ, ки бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудааст, дар шаҳраку маҳаллаҳои гуногуни пойтахт барои кӯдакону наврасон ба истифода дода шуд. Дар сохтмону таҷҳизонидани майдончаҳои варзишию фароғатӣ аз буҷаи шаҳр қариб 3 миллион сомонӣ харҷ гардидааст. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, пудратчиёни сохтмони майдончаҳои варзишию фароғатӣ Ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуди «Ойзулӣ», «Меҳансоз», «ТиСМ», «Бедакиён», «Озарахш», «Сарикиштӣ», «Ҳоҷӣ-Яқуб», «Нивелир» ва «Иншоотсервис» мебошанд. Майдончаҳои нави варзишию фароғатӣ армуғонест аз ҷониби шаҳрдорӣ дар рӯзҳои Соли нави 2011 ба кӯдакону наврасону шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






