БАЛАНДБАРДОРИИ САТҲ ВА СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ФУРУДГОҲ

Январь 25, 2011 14:12

   Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Роҳбарияти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба мустаҳкам намудани заминаи моддӣ — техникӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои рӯизаминӣ эътибори доимӣ медиҳанд. Бо ин мақсад аз Ҷумҳурии Халқии Чин як қатор таҷҳизоти авиатсионӣ ва техникаи хизматрасон (автобусҳо, зинаҳо, автокараҳо, транспортёрҳо, механизмҳои боркаш ва ғайра) харид шудаанд, иттилоъ дод дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорони ватанӣ ва хориҷӣ муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Азиз Иброҳимов.    Вусъат додани доираи хизматрасониҳои фурудгоҳ, баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои рӯизаминӣ, такмили маҳорати касбии кормандони фурудгоҳ, таҳкими низоми амният, мустаҳкам намудани интизоми меҳнат дар ҷойи кор, пурзӯр кардани назорат бобати пешгирии вуруди бемориҳои махсусан вазнини сирояткунанда ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути бунгоҳи назоратӣ — гузаргоҳии (БНГ) фурудгоҳ аз ҷумлаи вазифаҳои дар соли 2011 дар назди роҳбарияти корхона истода мебошанд. 

Январь 25, 2011 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад