БАРГАРДОНИДАНИ 924 НАФАР ҶАВОНОН АЗ МАКТАБҲОИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ДИНӢ
Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2010, ки дирўз, 17 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон кори худро оғоз намуд, доир ба мубориза бо ҷинояткорию қонуншиканӣ ва ҳифзи амнияту тартиботи ҷамъиятию ҳуқуқӣ ҳисоботи Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймидин Ятимов, Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров, Директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назаров ва Раиси Кумита оид ба корҳои дин Абдураҳим Холиқов шунида шуд. Дар ҳисоботи Прокурори генералӣ, аз ҷумла аз шумораи куштор ва худкушӣ, хариду фурўши ғайриқонунии замин, хусусан дар ноҳияҳои Рўдакӣ, Ҳисор, Бохтар ва Бобоҷон Ғафуров ва сўйиистифода аз вазифа аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карда шуд. Дар ҳисоботи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов, аз ҷумла зикр гардид, ки зимни гузаронидани 1206 санҷишу тафтиши молиявӣ дар давоми сол 110,8 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд, ки бештари он бо роҳи изофанависӣ ҳангоми хариди молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ва напардохтани андоз тасарруф гардидааст. Аз ин маблағ 76,6 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ баргардонда шуд. ҳаҷми маблағи барқароршуда нисбат ба соли 2009 2 баробар зиёд аст. Дар ҳисоботи дигар, аз ҷумла аз гаравидани баъзе ҷавонон ба ҳаракату гурўҳҳои даҳшатафкану ифротгаро ва ба доми фиреби доираҳои ҷиноятпеша афтодани онҳо изҳори нигаронӣ карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки аз 3 ҳазор ҷавонону наврасоне, ки дар мактабҳои ғайриқонунии динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд, 924 нафар ба ватан баргаштанд. Бо таассуф зикр гардид, ки қисми зиёди онҳое, ки барои таҳсил ба хориҷа фиристода шудаанд, забони модарии худро хуб намедонанд ва аз одобу ахлоқи миллии хеш дур мондаанд.








Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд






