БАРГУЗОРИИ РӮЗҲОИ НТМ ДАР ДУШАНБЕ

Январь 26, 2011 15:26

   Душанбе, 26 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шурӯъ аз моҳи апрел дар рӯзҳои истироҳатӣ дар пойтахт Рӯзҳои ноҳияҳои тобеи марказ гузаронида мешавад. Тадбири мазкур дар доираи истиқболи сазовори ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шуда, тибқи қарори Раиси шаҳр амалӣ мешавад. Ин матлаб дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, зикр гардид. Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи иштирокдоронро ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, ки зимни хулосаҳо аз натиҷаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар соли 2010 ба унвони шаҳрдорӣ фиристода шудаанд, нигаронида, илова намуд, ки баҳри татбиқи ҳар кадоми онҳо бо мушаххас сохтани шахси масъул ва мӯҳлати анҷоми корҳо бояд тадбирҳои воқеӣ андешид.    Дар ҷаласа, ҳамзамон дигар масоили мубрами ҳаёти хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама баланд бардоштани сифат ва фарҳанги хизматрасонии коммуналӣ, тақвияти корҳои ободонӣ ва ҳифзу нигаҳдошти моликияти ҷамъиятию фонди манзили хусусигардонидашудаи давлатӣ аз ҷониби шаҳрвандон, ҷалби бештари институтҳои шаҳрвандӣ дар татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ баррасӣ гардид.

Январь 26, 2011 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид