БАРРАСИИ ДУ СОЗИШНОМА БО ЧИН
Душанбе, 24 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-24 январ палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Шӯро ду Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ намуд. Ин санадҳо Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи сохтмони хати баландшиддати интиқоли қувваи барқи 220 кВ «Хуҷанд -Айнӣ» ва Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҷдиди давраи дуюми марҳилаи якуми лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе –Кулма» дар қитъаи «Душанбе-Данғара» мебошанд. Зикр шуд, ки ин санадҳои байниҳукуматӣ дар таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин, хусусан амалӣ намудани лоиҳаҳои барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкикистон дар бахши роҳу энергетика нақши муассир мегузоранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






