БАРРАСИИ ЛОИҲАИ ҚОНУН ДАР КӮЛОБ
Кӯлоб, 10 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов ). – Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», ки аз ҷониби Сарвари давлат ба муҳокимаи шаҳрвандон пешниҳод гардид, дар корхонаю ташкилот ва муассисаҳои таълимию фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Маорифчиёни шаҳру ноҳияи Кӯлоб низ лоиҳаи қонуни мазкурро дар байни коллективҳои меҳнатӣ муҳокима намуда, қабули онро саривақтӣ мешуморанд. Иштирокдорони ҷамъомадҳо таъкид менамоянд, ки тарбияи фарзанд танҳо вазифаи омӯзгорон набуда, падару модарон вазифадоранд фарзандони худро дар ҳама ҳолат ва ҳамеша дастгирӣ ва назорат намоянд. Дар ҳамаи ҷаласаҳои падару модарон ва дигар ҳамоишҳо дар доираи муҳокимаи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қарорҳои дахлдор қабул гашта, волидон андеша ва пешниҳоди худро ба тарзи хаттӣ ба роҳбарияти мактабҳо ирсол менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад






