БОРКАШОНӢ ТАВАССУТИ РОҲИ ОҲАН ЗИЁД МЕШАВАД
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Дар давоми соли 2010 боркашонӣ дар роҳ 10 миллиону 440 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 4 миллиону 106 ҳазор тонна камтар аст. Ин ҳолат сабабҳои объективӣ дорад, гуфт сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло дар нишасти матбуотии ҷамбасти соли 2010 ба рӯзноманигорони ватанӣ ва хориҷӣ. Сардори роҳ, ҳамчунин зикр кард, ки аз ҷумла, боркашонии транзитӣ 4 миллиону 925 ҳазор тоннаро ташкил дод дод, ки нисбат ба соли 2009-ум 4 миллиону 102 ҳазор тонна ё 45,4 фоиз кам буда, яке аз сабабҳояш дар камшавии боркашонӣ мебошад. Аниқтараш, моҳи декабри соли 2009 Ҳукумати Ӯзбекистон аз якуми январи соли 2010 кашонидани борҳои тиҷоратӣ, ғайр аз маҳсулоти нафтӣ ва гузаштани қатораҳои мусофирбари худро аз ҳудуди Тоҷикистон манъ кард. Сабаби дигари камшавии боркашонӣ бе ягон асос дар истгоҳҳои роҳи оҳани Ӯзбекистон аз аввали моҳи феврали соли ҷорӣ нигоҳ доштани борҳои ба ҷумҳурии мо воридшаванда мебошад. Баъди саъю кӯшиши зиёд, аз 8-уми майи соли ҷорӣ инҷониб ба минтақаи Хатлон ҳар шабонарӯз ба ҳисоби миёна 15-20 вагон бор ворид мешавад. Содирот тавассути нуқтаи байнидавлатии пайвасти Амузанг то моҳи сентябри соли 2010 манъ буд. Дар соли 2010 боркашонии худӣ 5 миллиону 511 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 4,6 ҳазор тонна кам аст. Мо дар давоми мавсим барои тоҷирону соҳибкору кишоварзони ватанӣ шароити хуби боркашонӣ муҳайё карда, барои фиристодани сабзӣ, пиёз, карам, хурмо, анор ва турб дар тамоми роҳи сайрашон 50-60 фоизӣ сабукӣ пешниҳод кардем, таъкид намуд дар охир А. Ҳукуматулло.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






