ДАСТОВЕЗИ ВАЗОРАТ БА НАВРӮЗ
Душанбе, 13 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар остонаи ҷашни Наврӯз толибилмони тоҷик соҳиби боз як китоби дарсӣ «Баёзи адабиёт» мегарданд. Китоби мазкур аз ҷониби кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳия гардида, ба чоп супорида шудааст. Назар ба иттилои вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов «Баёзи адабиёт» дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон дар бахши маориф таҳия шуда, хароҷоти нашри китобро Вазорати омӯзиш ва парвариши Эрон пардохт менамояд. Китоб, ки бо ҳуруфи ниёкон нашр мегардад, барои толибилмони синфҳои 8-9-10 ва 11 –и тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар тавсия мешавад. Абдуҷаббор Раҳмонов афзуд, ки бо нашр шудани китоби мазкур бо ҳуруфи форсӣ толибилмони тоҷик имкон доранд, осори безаволи нобиғаҳои оламшумули адабиёти тоҷику форс- ашъори нотакрори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Хайёму Бедил ва амсоли онҳоро бо ҳуруфи форсӣ мутолиа намоянд. Нашр гардидани китоби «Баёзи адабиёт» барои хонандагон заминаи омӯзиши хатти ниёконро фароҳам меорад. Ҳамзамон вазир гуфт, ки алҳол дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат, хусусан зинаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз синфи 4 то 7 омӯзиши алифбои ниёгон ба роҳ монда шудааст.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






