ДОДАНИ ПОРА ҲАМ ҶИНОЯТ АСТ
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- «12 ҳолати додани пора ба кормандони прокуратура, ки маблағи аз 500 то 15 000 доллари амрикоиро ташкил медод, дар соҳаи мубориза бо коррупсия ошкор гардида, порадиҳандагон дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд», — қайд кард Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина дар нишасти матбуотие, ки дар шаҳри Душанбе гузашт. Мақомоти тафтишот ва таҳқиқ дар маҷмӯъ тафтиши 7485 парвандаи ҷиноиро ба анҷом расониданд, ки аз ин 6864 парванда ба суд ирсол шуда, 621 парванда қатъ гардидааст. Муфаттишони мақомоти прокуратура тафтиши пешакии 114 парвандаи ҷиноятии марбут ба одамкуширо ба итмом расонида, ба суд ирсол намуданд. Инчунин ҷиноятҳои қатли одамон, ки солҳои гузашта рух дода буданд, ошкор гардиданд,- иброз намуд Прокурори генералии ҷумҳурӣ.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






