Э. РАҲМОН: «ФАРҲАНГ — БАХШИ МУҲИМИ ҲАЁТИ ҶОМЕА»
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- «Фарҳанг яке аз бахшҳои муҳими ҳаёти ҷомеа буда, дар фаъолият ва зиндагии ҳаррӯзаи ҳамаи табақаҳои иҷтимоӣ нақши бағоят муҳим дорад», — тазаккур дод Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар ҷамъбасти ҷаласаи васеи Ҳукумати мамлакат 18 январи соли ҷорӣ. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки дар ин давраи тақдирсоз рӯ овардан ба осори гузаштагони маъруфи халқи тоҷик ва тамаддуни оламшумули он дар тақвияти раванди ташаккули андеша ва худшиносии миллӣ, таҳкими асосҳои ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ ва заминаи маънавии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон воситаи бисёр муассир ва созанда мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳоло зиёда аз ду ҳазор ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки барои ҳифзу тармими онҳо Ҳукумат ҳамасола маблағҳои зиёд ҷудо мекунад. Сарвари давлат Вазорати фарҳанг ва ҳамаи сохтору мақомоти дахлдори кишвар, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро муаззаф намуд, ки бо истифода аз шароити муҳайёкардаи давлату Ҳукумат, инчунин бо истифода аз маблағҳои озод ва ҷалби имкониятҳои соҳибкорону шахсони баландҳиммат дар самти таъмиру барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ ва дигар иншооти фарҳангӣ, бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва ҷаҳонбинии фарҳангии мардум, бахусус наврасону ҷавонон, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ дар байни ҳамаи табақаҳои аҳолӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






