ФАРЗАНД БОЯД САРОБОНИ ВОЛИДАЙН БОШАД

Январь 19, 2011 15:13

  Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» имрӯзҳо дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеаи кишвар ба баррасии умумихалқӣ вогузор шудааст. Назар ба андешаи Латофат Назирова, ноиби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки масъули бахши тарбия дар ин донишгоҳи бонуфуз аст, пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур дар шароити феълии Тоҷикистон муҳим буда, он ягон фарди ҷомеаи Тоҷикистонро бетараф намегузорад. Зеро лоиҳаи қонун тамоми паҳлӯҳои рӯзгори инсон ва ҷомеаи Тоҷикистонро фаро мегирад. Агар қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маъракаҳо ба мардум сабукӣ оварда, ба оилаҳо имконият дод, ки то андозае маблағи даромади худро сарфа намоянд, пас лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» идомаи мантиқии он қонуни қабул шуда аст. Қонуни мазкур дар тарбияи фарзанд дар муҳити оила ва ҷомеа нақши муассир мегузорад. Зеро дар лоиҳаи қонун асосан ба се ниҳоди асосии ҷомеа- мактаб, оила ва ҷомеа такя карда мешавад.  Ба андешаи Латофат Назирова, дар тарбияи насли наврас, ки ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ бошад, бояд се ниҳод фаъол гарданд. Ва набояд яке аз ин ниҳодҳо дар тарбияи насли ҷомеаи муосир бетарафиро ихтиёр намояд. Чун ҳамаи мо фарзанд дорем ва нақши оила дар тарбия ва дар ташаккулёбии шахсияти инсон нақши муассир мебозад, афзуд Л. Назирова. Зеро таҳкурсии асосии тарбияи фарзанд ва бунёди шахсияти он маҳз аз оила маншаъ мегирад. Агар дар оила одоби солим, муносибати хубу ҳамида ва ҳамдигарфаҳмӣ байни аъзои оила, тарбияи дурусти меҳнатӣ, маънавию зебопарастӣ ва амсоли инҳо набошад, кӯдак дар чунин муҳити хонаводагӣ дуруст ба камол намерасад. Агар кӯдак дар муҳити оилаи солим ба воя расад ва вақте ки ба муассисаҳои тарбиявии томактабӣ ё муассисаҳои мактабӣ ворид мешавад, дар замири ӯ як замина аз ин намудҳои тарбия вуҷуд дорад. Гумон мекунам, ки тарбияи меҳнатии бача аз айёме, ки кӯдак бо ашё ва ё предмет муносибат карданро ёд мегирад, бояд оғоз ёбад. Ҳангоме, ки кӯдак ба бозӣ кардани бозичаҳо машғул мешавад, волидайн ба бача тарзи ёд гирифтани меҳнатро меомӯзонад. Яъне, вақте ки бача ба остонаи мактаб қадам мемонад аз муносибат кардан бо ашёҳои таълимӣ, бо асбобҳое, ки дар синфхона ҳаст, машғул мешавад, баъдан ӯ ворид мешавад ба ҷомеа ва дар ин маврид чӣ гуна муносибат кардан ба ҷузъиёти ҷомеа, хусусан муносибат кардан бо атрофиён зина ба зина дар вуҷуди ӯ пайдо мегардад. Қабул гардидани қонуни мазкур бори дигар волидайнро ҳушдор медиҳад, ки онҳо барои тақдири имрӯз ва фардои фарзандони хеш бетараф набошанд. Вақте ки фарзандро волидайн ба дунё меоранд, ӯ як ҷисми заифу нотавон ҳаст, ки ба меҳру муҳаббат, навозиш, ба тарбия ва дастгирӣ ниёз дорад. Яъне, он муносибат, меҳру муҳаббат ва самимиятеро, ки фарзанд аз муҳити оила ва хонавода, хусусан аз волидайн мегирад, чунин муносибатро ба дигарон талқин менамояд. Аз ин рӯ, тарбияи фарзанд бисёр вазифаи муҳим ва асосии волидайн, аҳли ҷомеа ва рисолати муқаддаси калонсолон аст. Инчунин, нақши муассисаҳои мактабӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявии томактабӣ дар тарбияи насли наврас бисёр муҳим аст.   Оё лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» дар ДМТ баррасӣ гардид?  Бо супориши раёсати ДМТ лоиҳаи қонун дар тамоми гурӯҳҳои академӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва назару пешниҳоди тамоми устодону донишҷӯёни факултаҳои донишгоҳ омӯхта шуд. Дар кафедраҳои ҳуқуқи инсон ва граждании факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳ, ки бевосита фаъолияти онҳо барои муайян кардани ҳуқуқ, мавқеи инсон ва шахс дар ҷомеа нигаронида шудаанд, таҳти роҳбарии декани факултаи мазкур Кароматулло Холиқов гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ тамоми таклифу пешниҳодҳоро, ки аз ҷониби ҳайати устодону донишҷӯён ба миён меояд, ба таври мушаххас ба Ҳукумати кишвар пешниҳод мекунад. Инчунин, бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова, намояндаи дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ Сумангул Тағоева, намояндагони вазорати маорифи кишвар бо ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрӣ доир шуд. Дар вохӯрӣ духтарони болаёқати донишгоҳ, ки аз ҳисоби онҳо курсҳои сарварони сиёсӣ аз рӯи барномаи зан-роҳбар ташкил шуда буд, хеле фаъолона иштирок карда, доир ба такмили лоиҳаи қонун пешниҳодҳои ҷолиб карданд.    Латофат Қаҳҳоровна, ҷиҳати такмили лоиҳаи қонун Шумо ҳамчун ноиби Ректори ДМТ оид ба тарбия чӣ пешниҳод доред?  Имрӯз, ки лоиҳаи қонун дар муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шудааст, як қисми муҳими дигарро дар яке аз бандҳои он ворид кардан ҷоиз аст. Ин масъулияти фарзандон дар нигоҳубину парастории падару модарон ва шахсони васии онҳо аст, яъне он нафароне, ки кӯдаконро ба фарзандхонӣ гирифта, тарбия намуда буданд. Чун падару модар вазифаи худро иҷро мекунанд, яъне таълиму тарбия дода, фарзандро ба камол мерасонанд, онҳоро соҳибмаълумоту соҳибкасбу соҳибнон мекунанд ва дар ин маврид набояд фарзандон дар даврони пиронсолӣ аз парастории волидайни худ саркашию фориғболӣ намоянд. Хусусан он шахсоне, ки бачаҳоро ба фарзандхондӣ гирифтаанд. Набояд дар ин ҳолат фарзанди ба камолрасида аз нигоҳубини волидайн даст кашад. Зеро тибқи мушоҳидаҳо бархе аз фарзандон дар даврони пиронсолӣ нисбат ба нигоҳубини волидайни худ бемасъулиятию беинсофӣ зоҳир намуда, волидайни худро дар марказҳои калонсолон, ки аз ҷониби давлат ташкил шудаанд, бурда мемонанд. Яъне, дар даврони пирӣ иддае аз волидайн барои фарзандон шахси нодаркор шуда мемонанд. Чунин фарзандон боре ҳам фикр намекунанд, ки фардо онҳо ҳам пир мегарданд ва чунин сарнавишт онҳоро интизор аст. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки дар яке аз бандҳои лоиҳаи қонун маҳз масъулияти фарзандони ба камолрасида дар нигоҳубини падару модар ва шахсони васии онҳо дарҷ гардад. Дигар пешниҳоде, ки ҷиҳати мукаммалии лоиҳаи қонун ироа кардан зарур аст, вазифадор кардани волидайн барои гирифтани таълими ҳатмии фарзандон аст. Имрӯз на ҳамаи кӯдакони синни мактабӣ ба мактаб пурра фаро гирифта шудаанд. Агар духтаронро гирем, баъзан онҳо то як давраи муайян дар мактаб таҳсил мекунанд, сипас ҷиҳати идома додани таҳсил дар синфҳои 10-11 ё ба ягон муассисаҳои дигари таълимӣ рафтан ба онҳо иҷозат намедиҳанд. Бояд падару модар бисёр масъулияти калонро ба дӯш дошта бошанд, ки ҳатман фарзанди ӯ соҳибилму соҳибмаърифат гардад. Гумон менамоям, ки ҷиҳати ба таълим фаро гирифтани духтарон бояд муносибати ҷиддиро ба роҳ монд. Зеро имрӯз пӯшида нест, ки дар байни духтарони мо пӯшидани ҳама гуна либосҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин масъала падару модарон бояд масъул бошанд, ки фарзанди онҳо чӣ гуна либос ба бар мекунад. Он либоси аврупоӣ ё шарқиёна аст. Бояд волидайн ба либоспӯшии фарзандони худ диққат диҳанд, ки пеш аз ҳама хусусияти миллӣ дошта ҷавобгӯи замони муосир бошад, арзишҳои миллӣ эҳтиром ва риоя шавад. Маҳз арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ аз сарвари оила вобаста аст ва аз оила бояд ба фарзандон омӯзонида шавад.  Иддае бар он назаранд, ки маҳз дар сатҳи пасти иҷтимоӣ қарор доштани оилаҳо волидайнро дар тарбия ва таълими фарзандон бетараф мегузорад. Яъне, падар дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дорад, модар бошад бозорнишин аст. Назари Шумо ба ин матлаб?  Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз масъалаҳоест, ки қариб дар тамоми оилаҳои деҳот таъсири худро расонидааст. Чун ба дӯши падар таъминоти асосии оила вогузор гардидааст, аз ин рӯ барои ба даст овардани маблағ ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад ва вазифаи бисёр вазнин ва пурмасъул- нигоҳубини фарзандон, ба мактаб равон кардани онҳо, назорат кардан аз болои фарзанд чӣ дар хонаю мактаб ва чӣ дар кӯча бар дӯши модар меафтад.  Дар деҳот баъзе оилаҳое ҳастанд, ки дар онҳо 4-5 кӯдак ба воя мерасад. Падар чанд сол аст, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, масъулияте, ки бар дӯши падар меафтад, ин таъминоти иқтисодии оила ва баъдтар ба тарбияи фарзанд таваҷҷӯҳ кардан мебошад. Яъне, он миқдори зарурии маблағе, ки барои таъминоти рӯзгузаронии оила зарур аст, он миқдор маблағро ҳам намефиристонад. Масъулияти дигаре, ки падар дорад, яъне рисолати тарбия кардани фарзанд ин ҳам аз дӯши худ дур кардааст. Аз ин сабаб баъзан модарон маҷбур мешаванд, ки ба хотири рӯзгузаронӣ, ба хотири таъминоти оила онҳо фарзандони мактабхони худро аз таҳсил дур мекунанд ва ба он корҳое, ки ба синну соли наврас мувофиқ нест, ҳавола месозанд, то маблағ пайдо намоянд. На ҳамаи он кӯдаконе, ки бисёр барвақт ба меҳнат машғул мешаванд, аз оилаҳое ҳастанд, ки бисёр ниёзманд мебошанд ва ба кӯмаки иқтисодии ҳамон фарзанд ниёз доранд. Баъзе кӯдакон аз беназоратии падару модарон ба хотири оне, ки соҳибмаблағ шаванду рафта дар интернет-кафеҳо бозӣ намоянд, ба ин коранд. Дар ин ҳолат бояд волидайн аз болои фарзанд ва чӣ гуна сарф кардани вақти холигии ӯ назорат шавад. Сабаби дигари коҳиш ёфтани сатҳи тарбия дар байни наврасон дар ҳолати бисёр номуайянӣ қарор доштани бачаҳост. Хусусан, дар деҳот фаъолият надоштани клубҳо, китобхонаҳо, комплекси варзишӣ, набудани ҷойҳои маданию фароғатӣ, ки наврасон ба он ҷо рафта маданияту фарҳанги худро баланд бардоранд. Ягона ҷое, ки дар шароити деҳот имрӯз ҷой дорад, ин масҷид аст. Бачаҳо рӯ ба масҷид меоранд. Ва масҷид ҷое ҳаст, ки дар он ҷо ҳам насли калонсолу миёнасол ва ҷавону наврасонро гирд меоварад ва атрофи масъалаҳое, ки ба синну соли кӯдакон лозим нестанд, калонсолон сухан мекунанд, бачаҳо мешинанду гӯш мекунанд. Бинобар ин бояд фаъолияти китобхонаҳо, марказҳои фарҳангию варзишӣ дар деҳот ба роҳ монда шавад. Ақаллан дар ҳудуди як ҷамоати деҳот як маркази варзишӣ фаъолият дошта бошад, ки аз тамоми деҳаҳо ба онҷо рафта, ба намудҳои гуногуни варзиш, ки гарави саломатист, машғул шаванд.   Мулоқоте, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар доир намуда буд, дар шароити феълии ҷомеаи Тоҷикистон бисёр муҳим ва саривақтӣ мебошад. Зеро ҷомеаи солим ҳам ба ҷисми инсон ва ҳам ба рӯҳи инсон такя мекунад. Чун ҷисм солим бошад, рӯҳ низ солим мешавад ва он ҷомеа пешрафту шукуфо мегардад. Агар дар ҳар як ҷамоати деҳот як маркази варзишӣ ё китобхона сохта ба истифода дода шавад ва маҳфилҳои фарҳангию таълимӣ ташкил шаванд то тавонанд кӯдаконро ба корҳои муфид ва самарабахшу ташаккулдиҳандаи тафаккуру шахсияти онҳо ҳавола кунанд, нуран ало нур мегардид.  Дар партави вохӯрию мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешида шудааст?  Донишҷӯёни ДМТ дар баробари андӯхтани дониш ва машғул шудан ба корҳои илмӣ дар шуғл варзидан ба варзиш бетараф нестанд. Айни замон дар ДМТ комплекси ягонаи варзишӣ вуҷуд надошта бошад ҳам, вале кумитаи алоҳида фаъолият дорад, ки дар он ҷо намудҳои гуногуни варзиш- гӯштини миллӣ, самбо, шоҳмот, волейбол, футбол ва дигар намудҳои варзиш машқ дода мешаванд. Бояд гуфт, ки дар бисёр чорабиниҳое, ки дар миқёси ҷумҳурӣ ва хориҷи он баргузор мегардад, донишҷӯёни мо фаъолона ширкат варзида, шарафи варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоят карда, парчами давлатии Тоҷикистонро баланд мебардоранд. Дар ДМТ ба ғайр аз кафедраи варзиш, инчунин клуби варзишӣ амал мекунад, ки дар он як қатор сексияҳо фаъолият доранд. Дар ин сексияҳо донишҷӯён фориғ аз таҳсил ба варзиш машғул мешаванд. То ҷое мусаллам аст 1 сентябр дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ДМТ ташриф овард ва 4 бинои нави таълимӣ дар шаҳраки Донишҷӯён мавриди истифода қарор дода шуд. Президенти мамлакат зимни суханронии худ зикр карда буданд, ки то ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Донишҷӯён як комплекси калони варзишӣ, ки дорои ҳавзи шиноварӣ хоҳад буд, сохта ба истифода дода шавад. Сохтмони комплекси мазкур оғоз шудааст ва дар остонаи 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани он ҳадяи хубест ба ҳайати устодону донишҷӯёни ДМТ. МУСОҲИБ МАРЗИЯ САИДОВА, ХАБАРНИГОРИ АМИТ «ХОВАР»

Январь 19, 2011 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад