ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОН ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ТАКМИЛИ ИХТИСОС НАМУДАНД
Душанбе, 11 январ (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева)- Имсол аввалин маротиба мутахассисони касбӣ — «Мошинисти дастгоҳҳои пармагарӣ» ва «Нақбканон» Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо»-и Саридораи геологияро бомуваффақият хатм намуданд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим. Хатмкунандагони муассисаи давлатӣ имтиҳонҳои муайянкунандаи дараҷаро дар назди комиссияи донишсанҷӣ бо натиҷаҳои зерин ҷамъбаст намуданд: ба ихтисоси пармагарӣ 7 нафар, ба ихтисоси пармагарони дараҷаи IV — 2 нафар, ба ихтисоси нақбканӣ 8 нафар. Азим Иброҳим ҳамчунин қайд кард, ки Саридораи геология барои тарбия намудан ва зиёд намудани шавқу рағбат ба соҳаи геология, ҳамасола ҷамъомадро геологони ҷавонро ташкил менамояд. Дар моҳи июни соли 2010 ҷамъомади сеюм геологҳои ҷавон дар лагери Турбазаи ноҳияи Варзоб гузаронида шуда ва дар ҷамъомад мактаббачагони мактабҳои шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар ин самт роҳбарияти Саридора бо донишҷӯёни факултаи геологияи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон вохӯриҳо намуданд. Ҳамчунин 3 нафар мутахассисони ҷавони Саридора дар хориҷа (1 нафар дар Австрия, 2 нафар дар Ҳиндустон) такмили ихтисос намуданд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






