ГИРОМИДОШТИ ОЛИМ ВА РОВИИ ТАВОНО

Январь 14, 2011 16:38

Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «Шодравон Абдулқодир Маниёзов,  яке аз шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ буданд, ки бо асарҳои илмӣ ва садою гуфтори форами худ дар густариши илму фарҳанги тоҷик ва муаррифии он ба ҷомеаи форсизабонони дунё аз худ мақоми шоиста гузоштааст», гуфт зимни суханронияш Кароматулло Олимов директори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар маҳфили гиромидошти донишманди варзида, ки 14 январ дар Душанбе баргузор шуд.    Маҳфили гиромидошти олим ва забоншиноси маъруф бо ибтикори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии  Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, дар он олимону фарҳангиёни  тоҷик ва донишмандони эронӣ ҳузур доштанд.     Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, донишмандону забоншиносони маъруфи тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ, Додихудо Саймиддинов, Сайфиддин Назарзода ва аҳли байти равоншод роҷеъ ба роҳи тайкардаи олим, ҳаёту фаъолият ва нақши ӯ дар ташаккули забон ва адабиёти тоҷик сухан карданд.     Олими тавонои тоҷик зодаи Конибодом буда, дар соли 1930 ба дунё омадааст. А. Маниёзов дар тӯли умри пурбаракати худ дар густариши илму фарҳанги тоҷикон ва муаррифии он ба форсизабонон корҳои наҷибро ба анҷом расондааст. Ин аст, ки олими тоҷик узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии  Эрон гардидааст. Хизматҳои шоистаи А. Маниёзов дар рушди илму фарҳанг ва пешбурди ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон бо орденҳои Шараф, Нишони Истиқлол ва дигар мукофотҳои давлатӣ қадр шудаанд.       Дар маҳфили гиромидошт китоби «Ёди ёри меҳрубон», ки зери назари Сафири Эрон дар Душанбе Алиасғари Шеърдӯст нашр шудааст, муаррифӣ гардид.

Январь 14, 2011 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд