ИҶРОЧИИ СУДРО ЗИНДОНӢ КАРДАНД
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – «Дар давоми соли 2010 нисбат ба ду нафар иҷрочиён парвандаи ҷиноӣ боз шуда, аз мақомоти адлия хориҷ шуданд», — тазаккур дод зимни нишасти матбуотӣ 20 январи соли ҷорӣ вазири адлияи кишвар Бахтиёр Худоёров. Вазир илова намуд, ки як нафар иҷрочии суди ноҳияи Истаравшан барои содир кардани амалҳои характери коррупсионидошта ба мӯҳлати 2 сол аз озодӣ маҳрум гашт ва як нафар иҷрочии суди ноҳияи Шаҳритӯс бинобар сабаби ба садамаи нақлиётӣ дучор шудан нисбат ба ӯ парванда боз шуда, тафтиши парвандааш идома дорад. Вазири адлия аз саривақт баррасӣ нашудани баъзе варақаҳои иҷрои аз ҷониби иҷрочиёни судҳо ворид гардида изҳори нигаронӣ карда афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба истеҳсолоти иҷрочиёни судҳо 31 ҳазору 782 варақаи иҷро ворид гардида, 22 ҳазору 941-тои он таъмин шуданд. «Дар иҷро нашудани баъзе варақаҳо гуноҳи иҷрочиёни судҳо ҳам ҳаст, ки иҷрои корро кашол дода, ба беэътиноӣ роҳ медиҳанд. Дар давоми соли 2010 нисбат ба 21 нафар кормандони соҳа бинобар сабаби беэътиноияшон нисбат ба иҷрои варақаҳои воридгардида муҷозоти интизомӣ таъин гардид», — тазаккур дод Б. Худоёров. Мавриди зикр аст, ки дар соли 2010 Вазорати адлия ва раёсатҳои он дар вилоятҳо 248 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 11 ҳазору 704 шартномаҳои гаравро ба қайди давлатӣ гирифтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 385 адад зиёд мебошад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






