ИФТИТОҲИ ХАТСАЙРҲОИ НАВ
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Ҷиҳати иҷрои парвозҳои мунтазам ба Арабистони Саудӣ байни мақомоти ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ва созишнома оид ба равобити ҳавоӣ ба тасвиб расид, ки дар асоси санадҳои мазкур ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» барои парвоз ба шаҳрҳои Ҷидда, Ар-риёд ва Даммам иҷоза гирифт, чунин итиллоъ дод имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорони ватанӣ ва хориҷӣ муовини аввали директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Валерий Шарипов. В.Шарипов ҳамчунин зикр намуд, ки дар давоми соли 2010-ум Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Тоҷик Эйр» 3148 парвоз анҷом додааст. Дар хатсайрҳои байналмилалӣ аз фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ ба 8 шаҳри Федератсияи Россия (Москва, Санк-Петербург, Екатеринбург, Сочи, Сургут, Самара, Новосибирск, Иркутск), ҳамчунин Бишкек, Алма-ато, Киев, Теҳрон, Урумчи ва Шарҷа, дар хатсайрҳои дохилӣ ҳамарӯза парвозҳои мунтазам ба шаҳрҳои Хуҷанду Хоруғ сурат гирифт. Ояндаи наздик тасмим аст ба шаҳри Симферополи Украина, Ашхобод, Қарочӣ ва Кобул парвозҳо ба роҳ монда шаванд,- гуфт дар хотима В.Шарипов.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






