ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД

Январь 13, 2011 10:34

    Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – Дар соли 2010 аз ҷониби кормандани муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 950 кори илмӣ, аз ҷумла 23 монография, 67 китоб, 9 маҷмӯаи мақолаҳо, 4 китобча, 15 дастури таълимӣ, 2 китоб-албом ва беш аз 850 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ нашр гардид, гуфт зимни нишасти матбуотӣ Президенти Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшо Илолов.   Дар соли 2010 9 нафар аспиранти АИ ҶТ сазовори стипендияи Президенти ҶТ гардиданд.Дар Шӯрои диссертатсионии АИ ҶТ дар соли 2010 62 рисола, аз ҷумла 14 рисолаи докторӣ ва 48 рисолаи номзадӣ дифоъ шудааст, гуфт Мамадшо Илолов.   Мавриди зикр аст, ки натиҷаи таҳқиқоти илмии олимони таърихшинос, файласуф, адабиётшинос, забоншинос, шарқшинос, ҳуқуқшинос ва олимони дигар соҳаҳои илмҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарии Академияи илмҳо дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи ахлоқиву ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар нақши калон бозид.

Январь 13, 2011 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид