ИНТИҚОЛИ ПУЛ ДАР ЯК СОНИЯ

Январь 18, 2011 11:16

   Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). –«Сония» ягона системаи миллии интиқоли пул дар ҷумҳурӣ мебошад, ки онро мутахассисони ҶСК «Бонки Эсхата» коркард намудаанд ва шумораи мизоҷони он рӯз то рӯз афзун мегардад. Тавассути системаи «Сония» интиқоли пул дар як сония ба тамоми нуқтаҳои ҷумҳурӣ рафта мерасад.     Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти бонки мазкур иттилоъ доданд, системаи интиқоли пули «Сония» бе кушодани суратҳисоб дар муқоиса бо дигар бонкҳои ҷумҳурӣ амал менамояд. Айни замон система дар тамоми бонк амал менамояд ва ҳамаи 113 нуқтаи интиқоли маблағи бонк ба ин система пайваст гардидаанд. Моҳияти асосии системаи мазкур тарофаи паст, расонидани кафолатнок ва роҳи осони фиристодани маблағ мебошад.    Тибқи суханони манбаъ то 31 декабр ҳаҷми интиқоли маблағ тавассути системаи «Сония» зиёда аз 38,5 миллион сомонӣ ва шумораи интиқолдиҳандагон зиёда аз 19 ҳазорро ташкил дод. 

Январь 18, 2011 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд