ИСТЕҲСОЛИ АЛЮМИНИЯИ АВВАЛИЯ 10,4 ҲАЗОР ТОННА КАМ

Январь 26, 2011 15:21

    Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Дар соли 2010 дар доираи иҷрои «Барномаи дарозмуддати бунёди силсиланерўгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» дар ҷумҳурӣ 30 адад нерӯгоҳҳои хурд бо иқтидори аз 5 то 500 кВт ба истифода дода шуд, ки иқтидори умумиашон 2187 кВт-ро ташкил медиҳад» — иброз намуд Муовини вазири иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Саидраҳмон Назриев      Ӯ афзуд, ки дар ин давра дар 16 кони нафту газ ва 9 кони ангишт истихроҷи маъдан идома ёфта, истихроҷи нафт бо конденсати газ дар соли 2010 ҳамагӣ 27150 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104 фоиз иҷро шудааст. Истихроҷи гази табиӣ 21037 ҳазор м3-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 763 ҳазор м3 кам мебошад. Дар соли 2010-ум 9 корхонаи истеҳсоли ангишт фаъолияти пурсамар намуда, ба миқдори 200,1 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,5 ҳазор тонна зиёдтар истихроҷ шудааст.    Бояд гуфт, ки КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ки маҳсулоти истеҳсолкардаи он дар миқёси корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ 34,8 фоизро ташкил менамояд, дар соли 2010 –ум дар ҳаҷми 349 ҳазор тонна алюминийи аввалияро истеҳсол намуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 10,4 ҳазор тонна кам мебошад. 

Январь 26, 2011 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид