КӮДАКОН БА ТАҲСИЛУ ТАБОБАТ НИЁЗМАНДАНД
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар «Маркази таълими калонсолони Тоҷикисон» (МТКТ) бахши мониторинги меҳнати кӯдакон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (МОТ) бомуваффақият фаъолият менамояд, ки ҳадафи асосии он муайян намудан ва озод намудани кӯдакон аз меҳнати вазнини ҷисмонӣ мебошад,- иттилоъ доданд аз шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар давоми соли 2010 аз ҷониби кормандони бахши мониторинги меҳнати кӯдакон бо 45 нафар кӯдакони ноболиғ доир ба масъалаҳои гуногун сӯҳбат гузаронида, 49 нафар кӯдакони камбизоат бо лавозимоти таълимӣ таъмин ва барои 35 нафар кӯдакон маблағи роҳкиро пардохт шудааст. Кормандони бахши мазкур барои сафарбар намудани кӯдакон ба касбомӯзӣ дар муассисаҳои гуногун ва баргардонидани кӯдакони аз таҳсил фориғ ба мактаб корҳои зиёдро анҷом доданд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, аз ҷониби Марказ минбаъд ба кӯдакони барои табобат мӯҳтоҷ кӯмакҳои амалӣ расонида мешавад.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






