КОРҲОИ ИКТИШОФӢ ДАР «БАРФӢ»

Январь 11, 2011 15:34

    Душанбе, 11 январ (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева)- Дар соли ҳисоботӣ Саридораи геология аз объектҳои барномавии худ 177 ҳазор сомонӣ барои ташкили кор дар объкетҳои кории КВДҶ «Экспедитсияи инкишофию геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ» ҷудо намудааст. Ҳол он, ки ҳолати мазкур корҳоро дар обектҳои нақшавӣ мушкил гардонида буд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Саридораи геология назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим.    А.Иброҳим ҳамчунин қайд кард, ки экспедитсияи номбурда дар обеъкти «Инкишофи пешакии қабатҳои поёнии кони Барфӣ» ба корҳои саҳроӣ шӯруъ намуд. Корҳои саҳроӣ дар зуҳуроти корунди аълои Барфӣ гузаронида шуд ва дар маҳакгирӣ 2177,9 гр ашёи корунд дарёфт шуд, ки баъди коркарди он 210 грамм лаъли кабашонӣ ва 300 карат лаъли аслӣ дастрас гардид. Маҳсулот ба вазорати молия супорида шуд.

Январь 11, 2011 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ