КОРҲОИ ИКТИШОФӢ ДАР «БАРФӢ»
Душанбе, 11 январ (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева)- Дар соли ҳисоботӣ Саридораи геология аз объектҳои барномавии худ 177 ҳазор сомонӣ барои ташкили кор дар объкетҳои кории КВДҶ «Экспедитсияи инкишофию геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ» ҷудо намудааст. Ҳол он, ки ҳолати мазкур корҳоро дар обектҳои нақшавӣ мушкил гардонида буд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Саридораи геология назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим. А.Иброҳим ҳамчунин қайд кард, ки экспедитсияи номбурда дар обеъкти «Инкишофи пешакии қабатҳои поёнии кони Барфӣ» ба корҳои саҳроӣ шӯруъ намуд. Корҳои саҳроӣ дар зуҳуроти корунди аълои Барфӣ гузаронида шуд ва дар маҳакгирӣ 2177,9 гр ашёи корунд дарёфт шуд, ки баъди коркарди он 210 грамм лаъли кабашонӣ ва 300 карат лаъли аслӣ дастрас гардид. Маҳсулот ба вазорати молия супорида шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






