ЛАВҲАЕ, КИ МЕРОСИ УМУМИБАШАРИСТ

Январь 5, 2011 14:02

   Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар мамнӯъгоҳи таърихии Саразм, ки 15 километр дуртар аз шаҳри Панҷакент воқеъ аст, маросими насби лавҳаи чорметра ба муносибати ба рӯйхати мероси умумибашарии ЮНЕСКО ворид шудани ин ёдгории мансуб ба ҳазораи IV-II-и пеш аз мелод баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ фаъолони ноҳияи Панҷакент ва меҳмонон аз пойтахти кишвар иштирок намуданд.   Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки раиси шаҳри Панҷакент Хисрав Абдуназаров, ректори донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент Муаззам Ансорӣ, директори мамнӯъгоҳи Саразм, номзади илми таърих Абдурауф Раззоқов ва намояндаи ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Аъзамов роҷеъ ба аҳамияти мамнӯъгоҳи таърихии Саразм ҳамчун ёдгории аҳди кишоварзӣ сухан гуфтанд.    Ёдовар мешавем, ки мақоми мероси умумибашарӣ аз ҷониби ЮНЕСКО ба ёдгориҳои табиӣ ва иншооти эъморгашта бо мақсади ҳифз ва маъруфияти бештар дода мешавад.

Январь 5, 2011 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад