ЛАЁҚАТМАНДҲО БА АЛМААТО РАФТАНД
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Душанбе дар олимпиадаи VII-уми ҳамасола аз рӯи фанҳои дақиқ, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон аз 13 то 20-уми январ баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Тоҷикистонро дар ин чорабинии бонуфуз хонандагони синфҳои 11: аз фанни физика Рухсора Ниёзӣ (мактаби № 78), аз фанни риёзӣ Равшан Каримзода (мактаби № 15), оид ба барномасозӣ Бахтиёр Рӯзиев (мактаби № 42) намояндагӣ менамоянд. «Ин хонандагон ғолибони озмунҳое мебошанд, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардидаанд. Хонандагонро имтиҳони ҷиддӣ дар пеш аст, онҳо бо ҳамсолони худ-хонандагон аз давлатҳои узви ИДМ ва кишварҳои хориҷии дур бояд мубодилаи афкор намуда, дониши худро санҷанд», — хабар дод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори «Маркази рушди хонандагони болаёқат»-и раёсати маорифи шаҳри Душанбе Рустам Сафаров.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






