МАБЛАҒҲОИ БУҶА БАҲРИ РУШДИ ИҚТИСОД
Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- «Иҷрои буҷети давлатӣ дар сатҳи 100,3 фоиз таъмин гардида, ба он 6,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2009 ба маблағи 1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад, иброз дошт зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Вай афзуд, ки буҷети ҷумҳуриявӣ бо сабаби иҷро нашудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 4,7 фоиз таъмин нагардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 159 миллион сомонӣ кам мебошад. Ҳарчанд иҷрои буҷети давлатӣ таъмин гардид, аммо бо сабаби зикршуда нақшаи даромад аз рӯи чор намуди андоз иҷро нагардид. Дар ин давра бақияпулиҳои андозӣ нисбат ба аввали сол ба маблағи 72 миллион сомонӣ зиёд гардида, ҳаҷми онҳо то ҳолати 1 январи соли ҷорӣ ба 688 миллион сомонӣ расид, тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамчунин, зикр гардид, ки соли ҷорӣ қисми даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 8 миллиарду 292 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба буҷети соли 2010-ум 27 фоиз зиёд мебошад. Аз буҷети имсола 32 фоизи маблағҳо барои рушди иқтисоди воқеӣ ва сохтмони иншооти стратегӣ, аз ҷумла барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ, корхонаҳои саноатӣ, роҳҳои мошингард ва нақбҳо равона мешавад.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






