МАРҲИЛАИ ПАҲНКУНИИ МАЪЛУМОТ ОҒОЗ ЁФТ
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директори Агентии омори назди Президенти ҶТ Бахтия Муҳаммадиева, ҷараёни қабули маводи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз мақомоти маҳаллии омор дар кишвар ҷараён дошта, коркарди сканерии маълумот оғоз гардидааст, ки он марҳилаи сеюми ин чорабинии муҳими давлатиро (аз октябр – декабри соли 2010 то семоҳаи аввали соли 2013) дар бар мегирад. Ҳоло коркарди сканерии маълумоти ба даст омада оғоз гардидааст ва то имрўз маводи барўйхатгирии аҳолии ноҳияҳои Рашт, Роғун, Тавилдара, Нуробод, Тоҷикобод ва Турсунзода аз ҷараёни сканеркунонӣ пурра гузаронида шудаанд. Ба гуфти Б. Муҳаммадиева, давраи коркарди маводи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз 6 навбат иборат мебошад. Нашри ҷамъбасти аввалини барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар моҳҳои апрел – майи соли 2011 ба нақша гирифта шудаааст. Ҷамъбасти хотимавии барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил марҳила ба марҳила то семоҳаи якуми соли 2013 идома меёбад.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






