МАСЛИҲАТҲОИ РОЙГОНИ ҲУҚУҚӢ АЗ «БОВАРӢ»
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дар давраи ҳисоботӣ ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи нази Ҳукумати ҶТ 372 адад аризаи хаттии шаҳрвандон ворид шуда, 2425 нафар шифоҳӣ муроҷиат кардаанд. Қисми зиёди аризаҳо бештар ба масоили гирифтани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, инчунин, хушунати оилавӣ, масъалаҳои талоқ, тақсимоти амвол, пайдо намудани ҷойи кори холӣ, масъалаҳои дастрас намудани қарзҳои имтиёзнок ва ғайра вобаста мебошанд. Мавриди зикр аст, ки ақди никоҳ дар соли 2010 100, 440 адад буда, талоқ дар ин давра 6125 ададро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2009 285 адад зиёд мебошад. «Боиси нигаронист, ки масъалаи талоқ солҳои охир дар ҷумҳурӣ зиёд шуда истодааст. Яке аз сабабҳои асосии вайроншавии оилаҳоро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ Сумангул Тағоева аз омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона арзёбӣ карда қайд намуд, ки он муқаддасоти қадимие, ки ба миллати тоҷик хос буд, имрӯзҳо дар ҷомеаи мо рӯ ба коҳиш овардааст. Ба ақидаи мавсуф сабаби дигари он нодуруст тарбия ёфтани фарзандон дар оила ва таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Ҳамчунин, дар назди Кумита аз соли 2004 инҷониб маркази «Боварӣ» амал мекунад ва равоншиносону ҳуқуқшиносони Кумита ба шаҳрвандон маслиҳатҳои ройгони равониву ҳуқуқӣ медиҳанд. Дар соли 2010 ба 1589 нафар занону духтарон аз ҷониби маркази мазкур маслиҳатҳои судманди равониву ҳуқуқӣ ва адвокатӣ пешниҳод шудааст. Дар муддати 6 соли фаъолияташ ба маркази мазкур зиёда аз 7000 занон муроҷиат намуда, аз маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ ва равонии он баҳравр гардида ҳаёти худро беҳтар намудаанд.








Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд






