МАСТЧОҲ ВА ҚУТОСҲОИ ПОМИРӢ
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Олимону мутахассисони соҳаи чорводорӣ баъди омўзиш ва гузаронидани таҷрибаҳо ба хулоса омаданд, ки зиёд намудани саршумори қутоси ҷинси помирӣ барои афзун гардонидани гўшту шир, пашму равѓан нисбатан афзалият дорад. Аз ин лиҳоз парвариши онро дар чанд минтақаи кўҳистон тавсия дода, ба натиҷаҳои назаррас муваффақ гардиданд. Мувофиқи тавсияи олимон соли 2002 дар асоси шартномаи дуҷониба аз ноҳияи Мурѓоби ВМКБ ба ноҳияи Мастчоҳ 63 сар қутос оварда шуд ва таҷрибаи олимони соҳа собит сохт, ки иқлим, обу ҳаво ва релефи кўҳистони Мастчоҳ барои зиёд намудани саршумори қутос ва ба роҳ мондани ин навъи чорво хеле мувофиқ мебошад, зеро мутахассисон саршумори онро дар давоми ҳашт сол аз 63 ба 305 сар расонида, саршумори онро 242 сар зиёд намуданд. Олимони соҳа хусусияти хоси қутоспарвариро дар кўҳистони Мастчоҳ омўхта, барои ривоҷи парвариши қутоси ҷинси помирӣ тавсияҳои хуб доданд. Дар мамлакат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба рушди қутоспарварӣ» ба тасвиб расидааст ва он ба зиёд шудани саршумори ин навъи чорво ва бо маҳсулоти он таъмин намудани сокинони мамлакат равона гардидааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






