МАВҶҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ ДАР ТАМОМИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- «Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 таъсиси шабакаи варзиширо ба нақша гирифтааст», — иттилоъ дод зимни нашасти матбуотӣ ба хабарнигорони ВАО Раиси Кумита Асадулло Раҳмонов.Вай афзуд, ки дар ин шабака на танҳо барномаҳои варзишӣ, балки филмҳои ҳуҷҷатӣ аз ҳаёти варзишгарони машҳур ва мусобиқаҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалӣ низ намоиш дода мешаванд. «То ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии пахши мавҷҳои телевизионӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, бахусус води Рашт, таъмин карда мешавад», -тазаккур дод А. Раҳмонов. Роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ мӯътакид бар он аст, ки шабакаҳои радио ва телевизион минбаъд низ дар бораи дастовардҳои арзишманди давлатдорӣ, рушду тараққии иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илму фарҳанг ва нақши онҳо дар ташаккули ҷомеа, ташвиқу тарғиби ҳадафҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ, худогоҳӣ, эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ намоишу барномаҳои ҷолиб таҳия менамоянд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид






