МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО БАНДАР МУҲАММАД ҶАМИЛ АҲМАД МАҲМУД
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Мамлакати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Бандар Муҳаммад Ҷамил Аҳмад Маҳмуд эътимоднома қабул намуд. Зимни сўҳбат, ки пас аз маросими эътимодномасупорӣ ҷараён дошт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз равобити сиёсии ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, ки бар асоси эътимод ва созандагӣ сурат мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуд: «Мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дўстона бо Мамлакати Арабистони Саудӣ аҳамияти хоса медиҳем ва ин матлабро борҳо таъйид намудаем». Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои сафарҳои худро ба Мамлакати Арабистони Саудӣ, ифтитоҳи сафоратҳои ду кишварро дар пойтахтҳои ҳамдигар – Душанбе ва ар-Риёд ва рў ба густариш овардани муносиботи дўстию ҳамкориро боиси қаноатмандӣ арзёбӣ кард. Бандар Муҳаммад ҷамил Аҳмад Маҳмуд изҳор дошт, ки ифтитоҳи сафорати Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе ба тавсиаи робитаҳо ва самароварии ҳамкорӣ мусоидати фаъол хоҳад кард. Ҳамзамон бо ин таъкид гардид, барои тавсиаи ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар кўшиши зиёд ба харҷ бояд дод. Барои ин доир намудани ҷаласаи нахустини комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва таҳияи як зумра санадҳои тавсиабахши заминаи қарордодӣ-ҳуқуқӣ зарур шумурда шуд. Аз ҷумла таҳия ва ба тасвиб расондани созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, канорагирӣ аз андозбандии дукаратаи даромаду сармоя, оид ба ҳамкорӣ дар бахши туризм ва додани қарзҳо амри матлуб арзёбӣ гардид. Ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, истихроҷи нафту газ, саноати кимиёвӣ, кўҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои гўсфандпарварӣ, парвариши замбўри асал, истеҳсолу содироти меваю сабзавот, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсолу содироти оби баландсифати нўшокӣ мароқ зоҳир карда шуд. ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва туризми кўҳӣ низ судбахш арзёбӣ гардид. Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла оид ба ҳамгироӣ дар чаҳорчўби Созмони конфронси исломӣ гуфтугў сурат гирифт.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






