ПОРАДЕҲОН ДАСТГИР ГАРДИДАНД
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Рӯзи 25 январ нишасти матбуотӣ бо иштироки роҳбарони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ баргузор мегардад. Вақтҳои охир кормандони ин Агентӣ барои ошкор намудани ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили порадеҳию порагирӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳангоми санҷиши молиявӣ дар ҶММ «Петролиум Суғд» муайян намуданд, ки соҳибкори инфиродӣ Ином Бобоев ба камбудиҳои молиявӣ роҳ додааст. Номбурда барои рӯйпӯш намудани кирдорҳои ғайриқонуниаш ба як нафар корманди Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд 1000 доллари амрикоиро ба сифати пора пешниҳод намуд. Баъди бо гузориш ба роҳбарияти Агентӣ муроҷиат намудани корманди раёсат соҳибкор Ином Бобоев зимни додани пора аз тарафи кормандони оперативии ҳамин раёсат дастгир шуд. Тавре аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мудири хоҷагии Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳайдаралӣ Ваҳҳобов ҳангоми ба кормандони Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд пешниҳод намудани 1000 доллари амрикоӣ маблағ ба сифати пора барои нагузаронидани санҷиш оид ба хариду фурӯши қисми бинои ҳамин ҷамъият аз тарафи кормандони оперативии ҳамин раёсат дастгир шуд. Нисбат ба қазияҳои дар боло номбаршуда тибқи моддаи 320 Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






