РИВОҶИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми соли 2010 дар асоси робитаҳои байналмилалӣ Вазорати кишоварзии ҶТ бо Вазорати кишоварзии Ҳиндустон ва Минтақаи Мухтори Синзяну Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин (ҶМЧ) созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид. Ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Аврупо, Туркия, Федератсияи Русия, Украина, Муғулистон, Қирғизистон ва Афғонистон дар доираи созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ дар асоси шартномаҳои дутарафа ривоҷ дода шуд,- иброз дошт муовини вазири кишоварзӣ Сиҷовиддин Исроилов дар конфронси матбуотӣ ба хабарнигорони дохилӣ ва хориҷии кишвар. Ҳамзамон, дар асоси барномаҳои байналмилалӣ давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС) ва дигар созмонҳо барои иштироки 49 нафар мутахассисони вазорат дар конфронсҳо, вохўриҳо, семинарҳо ва курсҳои байналхалқӣ, ки дар хориҷи кишвар баргузор гардиданд, мусоидат намуданд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






