РО СУНГ МИН ЗУҲУРОВРО БА КОРЕЯИ ҶАНУБӢ ДАЪВАТ КАРД

Январь 14, 2011 11:58

   Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Кореяи Ҷанубӣ ба рушди ояндаи иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон умеди калон дорад, зеро суботу амнияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳукмфармо аст, шароити мусоид барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ фароҳам овардааст». Ин матлабро кордори сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ро Сунг Мин дар мулоқоташ бо Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон изҳор намуд.   Ро Сунг Мин гуфт, ки ҳамчун сафир зимни фаъолияти дипломатиаш омода аст ҷиҳати тақвияти робитаҳои мутақобилан неку судманд байни Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ, бахусус дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рисолати худро иҷро намояд.    Мавсуф, аз номи Раиси парлумони Кореяи Ҷанубӣ Шукурҷон Зуҳуровро даъват намуд, ки бо сафари расмӣ ба Кореяи Ҷанубӣ ташриф орад.

Январь 14, 2011 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад