РОССИЯ ВА ҚАЗОҚИСТОН ШАРИКОНИ АСОСИИ САВДОИ ХОРИҶИИ СУҒД

Январь 13, 2011 15:39

    Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд бо мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 570658,4 ҳазор доллари ИМА, бо мамлакатҳои хориҷи дур 373948,1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод.     Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки содироти мол аз вилоят дар моҳҳои январ – декабри соли 2010 ҳамагӣ 207782,1 ҳазор долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 — ум 57495,5 ҳазор доллари амрикоӣ ё 38,2 фоиз зиёд аст.      Воридоти мол ба вилоят 736824,4 ҳазор долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2009 — ум ба маблағи 77 866,5 ҳазор доллари ИМА ё 11,8 фоиз зиёд аст.      Оид ба содирот шарикони асосии вилояти Суғд Федератсияи Русия бо 32,9 фоиз, Швейсария бо 15,9 фоиз, Чин бо 10,6 фоиз, Туркия бо 7,8 фоиз, Италия бо 7,0 фоиз, Қазоқистон бо 6,5 фоиз, Латвия бо 4,3 фоиз, Украина бо 2,6 фоиз мебошанд.      Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои ИДМ: аз Федератсияи Русия – 36,7 фоиз, Қазоқистон – 17,8 фоиз, Ӯзбекистон — 2,0 фоиз, Белорус — 1,9 фоиз, Туркманистон – 1,5 фоиз, Қирғизистон — 1,2 фоиз сурат гирифтааст.      Аз мамлакатҳои хориҷии дур: Чин — 10,7 фоиз, Литва — 6,5 фоиз, Олмон — 3,5 фоиз, Ҷумҳурии Корея — 2,9 фоиз, Ҷумҳурии Исломии Эрон — 2,8 фоиз, Латвия — 2,0 фоиз, Туркия — 1,8 фоиз ба вилоят мол ворид шудааст.

Январь 13, 2011 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид