«САДОИ ХОВАР» БА ФАЪОЛИЯТ МЕПАРДОЗАД

Январь 14, 2011 11:52

    Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Соли 2010 қариб 300 ҳазор нафар ба веб-сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» даромаданд, ки аз ин 65 фоизаш истифодабарандагони дохилӣ, 35 фоизи боқимонда аз Федератсияи Русия ва хориҷи дуру наздик мебошанд. Ин гуфта дар ҷаласаи ҳайати мушовараи солонаи Агентӣ, ки дирӯз дар Душанбе доир гардид, зикр шуд.    Дар рафти ҷаласа директори АМИТ «Ховар» Садриддин Шамсуддинов фаъолияти Агентиро дар соли 2010 қаноатбахш арзёбӣ намуд.    Тибқи суханони ӯ тӯли сол АМИТ «Ховар» хабарро аз манбаъҳои аввал гирифта, сари вақт паҳн намуд, аз ҷумла ба шабакаҳои васеъ 5900 хабари расмӣ оид ба фаъолияти Президент, парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон, тамоми мақомоти давлатии кишвар, ҳамчунин аз ҳаёти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дастрас намуд.      Тӯли сол ба воситаи АМИТ «Ховар» бо забони тоҷикӣ 5878, русӣ 5024, ӯзбекӣ 2798 ва англисӣ 4024 хабар паҳн гардид.   «Дар соли 2011 роҳбарияти Агентӣ ният дорад, ки дар сомонаи худ хабарҳоро бо забони арабӣ ва форсӣ ҷойгир намуда, шумораи истифодабарандагони худро зиёд намояд. Моҳи феврали соли ҷорӣ Агентӣ радиои «Садои Ховар»-ро мекушояд»,-афзуд С. Шамсуддинов.  

Январь 14, 2011 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад